Женева

Иштироки Тоҷикистон дар машварати ҳуқуқӣ оид ба «Шартномаи Марокаш» дар Женева

Аз 26 то 28 феврали соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария машварати ҳуқуқӣ доир ба ҷараёни иҷрои «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбат ба асарҳои нашршуда» баргузор гардид.