Аз 26 то 28 феврали соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария машварати ҳуқуқӣ доир ба ҷараёни иҷрои «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбат ба асарҳои нашршуда» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварати мазкур Тоҷикистонро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ва сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанг Нӯъмон Набизода намояндагӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, 27 феврали соли равон муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ба Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) Франсиз Гарри санади ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбат ба асарҳои нашршуда» супорид.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 53-юми Шартномаи Марокаш мебошад.
АМИТ «Ховар»