Пешвои миллат

Шиносоии Пешвои миллат бо ҷараёни таъмири роҳҳои асосии кӯчаи Муродулло Шерализодаи шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардиданд.

Гузоштани санги асоси бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дар ноҳияи Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар шаҳри Душанбе

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Страницы