Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфтанд.

Пешвои миллат: «Ҳадафҳои стратегии мо на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манофеи тамоми минтақаро ифода мекунанд»

Cубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки дар толори «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ омили рушди «иқтисоди сабз» ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказист»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни  суханронӣ дар ифтитоҳи 16-умин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикаро барои таъмини рушди устувори минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

Страницы