Дилшод Назаров

БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: аз Тоҷикистон Дилшод Назаров аввалин медали нуқраро ба даст овард!

Шоми 26-уми августи соли равон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар  18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар намуди  гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр мақоми дуюмро ишғол кард, ки ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Дилшод Назаров медали тиллои Гран-Прии Бразилияро ба даст овард

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров,  чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд.

Дилшод Назаров дар мавсим мақоми сеюмро касб намуд

Мавсими навбатии силсиламусобиқа оид ба гурзпартоӣ — IAAF Hammer Throw Challenge ба фарҷом расид. Пешгоми мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук  Дилшод Назаров дар ҷамъбасти 9 силсиламусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардид.

Страницы