Чин

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Имрӯз сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.
Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Кетсян мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян

Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуданд.

Страницы