Таэквондочиёни тоҷик дар Мусобиқаи «Bukhara Open-2019» сазовори 20 медал гардиданд

Аз 10 то 13 октябр  дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дуюмин мусобиқаи кушоди Бухоро оид ба таэквондои ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар ин  бора  раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқа беш аз 1300 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чор синн – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон иштирок намуданд.

Ба иттилои  номбурда, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон, аз ҷумла варзишгарон аз минтақаҳои мамлакат, мураббиёну доварон ба хотири баланд бардоштани маҳорат ва андӯхтани таҷрибаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба Бухоро сафарбар ва сазовори 20 медал, аз ҷумла 5 медали тилло гардиданд.

Калонсолон
Ҷои 1. Каримов Муҳаммадзиё, -63кг (Душанбе)
Ҷои 2. Назаров Амрихудо, -54кг (ВМБК)
Ҷои 2. Сунатов Маҳмадҷон, -63кг (Душанбе)
Ҷои 3. Баротов Шоҳрух, -58кг (Душанбе)
Ҷои 3. Шомаҳмадов Муҳаммадҳусейн, -63кг (Душанбе)
Ҷои 3. Лутфулло Алишон, -68кг (ВМКБ)
Ҷои 3. Худойқулова Мафтуна, -57кг (Турсунзода)

Ҷавонон
Ҷои 1. Ойматова Муниса, -49кг (Душанбе)
Ҷои 1. Боқиева Насиба, -55кг (Душанбе)
Ҷои 1. Анушервони Соҳибназар, -63кг (Кӯлоб)
Ҷои 2. Неъматова Омина, -44кг (Душанбе)
Ҷои 2. Мадинаи Маҳмудшоҳ, -49кг (Душанбе)
Ҷои 2. Хоҷаев Маснавӣ, -68кг (Душанбе)
Ҷои 3. Бобохонов Абдулҳаким, -45кг (Бохтар)
Ҷои 3. Холматов Меҳроҷ, -63кг (Ҳисор)
Ҷои 3. Пирова Макнуна, -49кг (Бохтар)
Ҷои 3. Худобахшов Ямин, -55кг (ВМБК)
Наврасон
Ҷои 3. Турсунов Аскар, -45кг (Турсунзода)

Кӯдакон
Ҷои 1. Киран Кумар, -18кг (Душанбе)
Ҷои 3. Самираи Шамсулло, -24кг (Душанбе)

Мураббиён
Фозилов Исломиддин (Душанбе)
Тошматов Сафарбег (Душанбе)
Кан Виктор (Душанбе)
Қодиров Шамсулло (Душанбе)
Тоҳиров Баҳодур (Ҳисор)
Шеров Сунатулло (Бохтар)
Беҳрӯзҷони Неъмон (Восеъ)
Миров Тоҳир (Кӯлоб)
Каримов Давлатмурод (Душанбе)

Доварон
Алиназаров Вафоназар (ВМКБ), довари дараҷаи байналмилалӣ
Ошурмамадов Ашурмамад (ВМКБ), довари дараҷаи байналмилалӣ
Файзиев Фирӯз (Душанбе), довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ
Шоев Файзбахш (Ҳисор), довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ

Менеҷери даста — Муҳиддин Ҳотамов

АМИТ «Ховар»

Tags: