Аксари бемороне, ки гирифтори COVID-19 гаштаанд, комилан шифо хоҳанд ёфт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ коршиноси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Мария ван Керкхове изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ба гуфти коршинос, аллакай миллионҳо нафар беморон пас за сирояти коронавирус тавонистанд саломатии худро комилан барқарор намоянд. «Мо ҳолати онҳоро зери назорати доимии худ қарор додаем», — гуфт Мария ван Керкхове.
Коршинос чунин ибрози назар кард: «Айни ҳол мо медонем, ки аксари беморони шифоёфта бе эҳсоси оқибатҳои беморӣ саломатиашонро барқарор намудаанд». Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, бемороне, ки дучори илтиҳоби шадиди шуш ва ё заҳролудшавии ҷисм гаштаанд, нисбатан дертар шифо хоҳанд ёфт.
Мария ван Керкхове чунин изҳор дошт: «Вазъи саломатии ин гуна беморонро мо ҳамеша назорат хоҳем кард». Ӯ ба он изҳори умед намуд, ки СУТ дар оянда оид ба ин мавзӯи муҳим иттилооти муназзамшударо пешниҳод менамояд.
АМИТ «Ховар»