Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом АлиевДар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии “Як камарбанд, як роҳ” сурат гирифт, вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ, таъминоти сӯзишворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ ба раванди татбиқи санадҳои қаблан ба имзорасида ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат оид ба масъалаи дарёфти роҳҳҳои нави таҳкими муносибатҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

АМИТ «Ховар»