ТВТ. 02.09.2022. 01.09.2022, шаҳри Душанбе.
Муҳтарам Владимир Владимирович, Шуморо шодбош мегӯям!
Муҳтарам кормандони соҳаи маориф,
Хонандагони азиз!
Сидқан хушнудам, ки ҳамроҳ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин дар маросими имрӯзаи ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ иштирок менамоям.
Хуб дар ёд дорам, ки соли 2019 мо ҳамроҳи муҳтарам Владимир Владимирович ба татбиқи лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва Бохтар, инчунин дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оғоз бахшидем.
Хушҳолам, ки дар як муддати нисбатан кутоҳ мо тавонистем, онро пурра амалӣ намоем ва насли навраси мо барои таҳсил дар мактабҳои нави муҷаҳҳаз бо технология ва таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ имкониятҳои иловагӣ пайдо кард.
Мехоҳам аз номи Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин аз номи худам ба Ҳукумати Федератсияи Русия ва шахсан ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, барои дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаатон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва саривақт ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ изҳори сипос намоям.
Басо рамзист, ки онҳо дар соли ҷашнии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳоямон дарҳои худро ба рӯи омӯзгорону хонандагон боз менамоянд.
Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд.
Тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар раванди мулоқоту тамосҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи гузашта заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муносибатҳоямон фароҳам оварда шуд.
Дар сатҳи ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар зиёда аз дусад санад оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст, ки ҳамчун заминаи боэътимоди густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм хизмат менамоянд.
Барои ҳамкории ҳамаҷонибаи марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар заминаи мусоид гузошта шудааст.
Ҳамкории пурсамари олимони Тоҷикистон ва Русия бисёр самтҳои мубрами илмию амалиро дар бахшҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва гуманитарӣ, инчунин технологияҳои инноватсионӣ фаро мегирад.
Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.
Имрӯз дар кишвари мо 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон таълим мегиранд.
Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад.
Дар баробари ин, тибқи меъёрҳои давлатӣ, омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди чор ҳазор мактабро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.
Имрӯз дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии мо ба кӯдакони мо таълим медиҳанд.
Дар ин замина масъалаи бо китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ таъмин намудани мактабҳои мо ҳанӯз ҳам мубрам мебошад.
Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии ду кишвар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолияти самаранок дорад.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» бомуваффақият фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, бо дарназардошти донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои зикршудаи донишгоҳҳои Русия, шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.
Хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия ҷавобгӯи ниёзмандиҳои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ буда, аз ҳисоби онҳо иқтидори кадрии бахшҳои хизмати давлатӣ, дипломатия, илму педагогика ва фарҳангу санъати тоҷик пайваста пурра мегардад.
Мо алоқаманди тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ҳастем.
Аз ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, ки дар онҳо метавонем мутахассисонро мутобиқ ба самтҳои афзалиятноки рушди кишвар омода созем, истиқбол мекунем.
Мо аз ҷониби Русия ҷиҳати ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотӣ ба Тоҷикистон аз рӯи доираи васеи ихтисосҳое, ки кишвари мо ба онҳо ниёзи зиёд дорад, миннатдорем.
Шумораи ин бурсияҳо дар ҳоли ҳозир ба 750 адад мерасад ва мо бо муҳтарам Владимир Владимирович ба мувофиқа расидем, ки ин шумораро ба ҳазор мерасонем.
Муҳтарам иштирокчиёни маросим,
Мо сиёсати забонро пайваста пеш бурда, дар баробари забони давлатӣ ба инкишофи забони русӣ ба таври маҷмӯӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем.
Ва ин тасодуфӣ нест.
Тавре маълум аст, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.
Ду сол қабл дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад.
Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар маҷмӯъ, мехоҳам зикр намоям, ки Точикистон ба инкишофи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Русия манфиатдор мебошад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад, ки барои тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла дар самти омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Муҳтарам Владимир Владимирович,
Муҳтарам иштирокчиёни маросим,
Дар хотима мехоҳам ба сохтмончиён ва ба ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи лоиҳаи сохтмони мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва Бохтар садоқатмандона иштирок доштанд, миннатдории худро баён намоям.
Намояндагони яке аз касбҳои бошараф – омӯзгорони гиромии моро, ки имрӯз дар ин муассисаҳои таълимӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, табрик мегӯям.
Бовар дорам, донише, ки хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мегиранд, дар ташаккули онҳо ҳамчун шахсиятҳои созанда, ки дар таъмини рушди устувор ва шукуфоии кишвар саҳмгузор мегарданд, мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин хонандагони азизамонро, ки имрӯз таҳсили худро дар ин муассисаҳо оғоз менамоянд, табрик мегӯям.
Мутмаинам, ки падарону модарон ва худи хонандагон аз чунин туҳфа дар Рӯзи дониш, ки имруз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон таҷлил мегардад, самимона шод ҳастанд.
Илова ба табрикоти худ мехоҳам ба ҳама он касоне, ки ба рӯйдоди муҳими имрӯза иртибот доранд, рифоҳу хушрӯзӣ ва комёбиҳо таманно намоям!
Ташаккур барои таваҷҷуҳ.
Манбаъ: prezident.tj