Барқияи табрикии Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Президент,

Ман Шумо ва тамоми халқи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолият табрик менамоям. Штатҳои Муттаҳида соҳибистиклолӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардонидани Осиёи Марказӣ, пурра дастгирӣ менамояд.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳида инчунин 25-солагии ҳамкории зичи дуҷонибаро қайд мегиранд. Чун маъмуриятам корро оғоз намуд, умед ба он дорам, ки эҳтироми тарафайн ва садоқат ба пешбурди мақсадҳои умумӣ дар соҳаи амнияту суботи минтақавӣ идома меёбад».