Спитамен Бонк эълон намуд, ки ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi тавассути барномаи SpitamenPay аз мизоҷон ягон хел комиссия ситонида намешавад. Дар ин бора аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қаблан тибқи тарифҳои мавҷуда, ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi ирсолкунанда бояд ба андозаи аз 1% то 3% комиссия пардохт мекард.
Бо назардошти бароҳатии мизоҷон Спитамен Бонк фаъолияташро тавре ба роҳ мондааст, ки хизматрасониҳои мавҷударо мунтазам такмил диҳад. Ҳамчунин хизматрасониҳои наверо, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он дастрас бошанд, ҷорӣ намояд.
Барои аксари ҳамватанони мо ин воситаи хеле хуб ҷиҳати пур кардани ҳамёни наздикон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он аст.
АМИТ «Ховар»