Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» марҳалаи якуми барномаи «Ҳаҷ-2019»-ро, ки дар доираи он 3750 нафар зоирин аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷидда интиқол дода шуданд, анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Сарчашма хабар медиҳад, ки хатсайри аввалин тибқи барномаи давлатии «Ҳаҷ-2019» 22 июл сурат гирифта, парвози охирин дар самти Душанбе-Ҷидда 2 август анҷом дода шуд. Дар давраи интиқоли зоирини тоҷик ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ 24 хатсайр, аз ҷумла – 3 хатсайр аз Хуҷанд, 2 хатсайр аз Кӯлоб ва 19 хатсайр аз Душанбе Чидда анҷом дод. Марҳалаи бозгашти зоирин аз Ҷидда ба шаҳрҳои Тоҷикистон аз 21 август дар масири Ҷидда-Душанбе оғоз мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро менамояд.
Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 инҷониб аъзои IATA мебошад.
АМИТ «Ховар»