Соҳибкорони тоҷику турк дар Душанбе ба ҳам меоянд

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Туркия ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркияро доир менамояд.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар дода меафзояд,ки ҳамоиш 16 феврали  соли равон соати 11:30 дар меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки муовини Сарвазири Туркия баргузор хоҳад гашт.
Ба гуфтаи сарчашма мақсад аз баргузории ҳамоиш ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Tags: