Соҳибкор Хуҷамурод Азимов ба беморхонаи марказии шаҳри Норак мошини ёрии таъҷилӣ тақдим намуд

Соҳибкори маҳаллӣ, директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ» Хуҷамурод Азимов ба беморхонаи марказии шаҳри Норак як адад мошини ёрии таъҷилии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ тақдим намуд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими тақдими мошини ёрии таъҷилӣ раиси шаҳри Норак  Дилшод Асозода ба соҳибкори муваффақ  барои иқдоми некаш изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ин амали соҳибкорон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  соҳибкор Хуҷамурод Азимов аз соли 2019 инҷониб беморхонаи марказӣ ва Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияро ройгон бо кислород таъмин менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: