Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо шурўъ аз 1-уми май то 31 августи соли равон дар самти Душанбе – Чаноқ маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ карда мешавад. Маҳдудияти мазкур ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Борҳо таъкид намудем, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон шудани роҳ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, тадбирандешиҳо оид ба тамдид намудани муҳлати истифодаи роҳ дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, ба он таваҷҷуҳи хоса аст. Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкати зикршуда, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст», — гуфта мешавад дар хабари ширкати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон шароит фароҳам меорад.
«Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст, — омадааст дар хабар. — Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам мебошад ва бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш бурда истодааст».
АМИТ "Ховар"