Имрӯз шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷанозаи марҳум Муъмин Қаноат пагоҳ, 19 май, соати 10:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч. Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.
Ҷасади шоир баъди ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Муъмин Қаноат 20 майи соли 1932 ба дунё омада, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Нахустин маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида, соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард.
Хотираи неки адиби забардасти Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар ёду қалбҳои мардуми мо, ҳаводорони забон ва шеъри ноби тоҷикӣ то абад боқӣ хоҳад монд.
АМИТ "Ховар"