Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои занони назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯро маърӯзаи муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро шунида, муҳокима намуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки тайи солҳои охир дар кори Шӯрои занони вилоят пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
«Фаъолияти занони Хатлон дар ҳамаи бахшҳо назаррас аст. Корҳои муайян оид ба пешгирии зӯроварӣ ва таъсиси Мактаби духтарони пешво ба сомон расонида шудаанд. Ҳамзамон занони вилоят аз грантҳои раиси вилояти Хатлон бархурдор ҳастанд. Фаъолнокии занон дар соҳаи илм низ ба назар расида, захираҳои зеҳнии занон имконият медиҳад, ки дар соҳаи илмҳои техникӣ ба пешравиҳо ноил гардем»,- зикр кард Махфират Хидирзода.
АМИТ "Ховар"