Шоир ва публисист Алӣ Бобоҷон даргузашт

Имрӯз шоир, публисист ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд. 

Алӣ Бобоҷон 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодм, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1959 Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе )ҳоло Донишгоҳи омӯзгории пойтахт)-ро хатм намуда,  то соли 2000-ум дар нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Занони Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун колр кардааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони СССР ва Тоҷикистон. То имрӯз 30 китоби шеърҳо ва беш аз 500 очерку мақолаҳои публисистиаш ба нашр расидаанд. Марҳум асосан барои кӯдакону наврасон шеър эҷод менмуд (беш аз 20 китоб). Дар «Хазинаи тиллоӣ»-и Радиои Тоҷикистон наздики 40 суруд бар ашъори Алӣ Бобоҷон маҳфузанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: