Шитобед! Хадамоти муҳоҷират бо ҷойи кор таъмин мекунад

Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Москва номнавис ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳуриро оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  муҳлати қабул танҳо се рӯз,  аз 21 то 23 июни соли равон муайян шудааст. Музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати сохтмонии «ПИК Модул» пардохт карда мешавад. Рӯзи корӣ аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст.

Ширкати мазкур барои фаъолияти меҳнатӣ мардони то синни 43 соларо ба кор қабул мекунад.

Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират  бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121, тариқи  телефонҳои  937913130, 987689876, 880002001 муроҷиат намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: