Ширкати «Parimatch» шарики расмии букмекерии дастаи футболи «Лестер Сити» гардид

Ширкати «Parimatch» ва дастаи футболи англисии «Лестер Сити» шартномаи ҳамкорӣ имзо намуданд ва дар доираи он ширкати онлайн-букмекерии байналмилалӣ шарики расмии букмекерии даста гардид. Созишнома барои мавсими  Премйер — лигаи  2020/21 таҳия шудааст, — хабар додааст«Parimatch». 

Бояд зикр кард, ки «Parimatch»  — ширкати онлайн-букмекери байналмилалӣ бо таърихи 26-сола мебошад. Ғайр аз Тоҷикистон, ширкат дар Россия, Украина ва Беларус низ намояндагиҳо дорад. Бренд — сафири расмии букмекер — ситораи UFC Конор Макгрегор мебошад.

Дар Тоҷикистон ин бренд дар рушди соҳаи варзиш фаъолона ширкат намуда, сарпарасти расмии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол, Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, инчунин дастаи футболи «Локомотив-Помир» мебошад.

«Нишонаи «Parimatch» дар либосҳои тамринии дастаи «Лестер Сити» дар  ҳамаи бозиҳои маҳаллии Премйер — лигаи англисӣ, Ҷоми Англия, инчунин Ҷоми лигаи футболи Англия дар мавсими оянда тасвир хоҳад шуд. Ғайр аз ин, дар доираи шарикӣ бренди «Parimatch» дар экранҳои LED, баннерҳо ва лавҳаҳои мусобиқаҳои номбаршуда намоиш дода мешавад», — хабар медиҳад манбаъ.

Дар байни мувофиқатҳои дигари шарикӣ — ҳамгироӣ дар медиа — шабакаҳои иҷтимоии дастаи футбол низ дар назар аст.

«Мо дар ҳақиқат хеле хурсандем, ки бо «Parimatch» — бренди ҳаяҷонангези байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунем. Мо бесаброна имконияти  ҳамкории муштаракро интизорем ва дар таҳкими обрӯи байналмилалии якдигар кумак мерасонем», — иброз намуд Харж Хир, роҳбари шуъбаи ҳамкории дастаи футболи «Лестер Сити».

«Сергей Портнов, директори генералии “Parimatch”, имзои созишномаи ҳамкориро шарикии олӣ номид. Ба гуфтаи ӯ, Премйер — лига яке аз бузургтарин ва машҳуртарин мусобиқоти ҷаҳонӣ мебошад.  «Мо хурсандем, ки ҷузъи мусобиқоти байналмилалӣ мешавем. Мо байни бренди худ ва дастаи футболи «Лестер Сити» умумиятҳои зиёде мебинем. «Лестер Сити» таърихи бузурги  Лигаи олӣ аст, ӯ метавонад ба ҳайрат биоварад. Пирӯзии ӯ дар чемпионати соли 2016 ҳамеша дар хотирот боқӣ хоҳад монд. Аз он замон «Лестер Сити»  мавқеи худро дар байни элитаи Премйер — лига  мустаҳкам кард. Парвози ҳадафманди он  бо идоракунии бомулоҳиза ва талош барои пирӯзӣ  бастагӣ дорад.

«Parimatch» — ро дар саноати бозиҳои байналмилалӣ муаммо низ гуфтан мумкин аст. Барои ноил шудан ба он чизе, ки имрӯз дорем, ба мо лозим омад, ки монеаҳои зиёдеро паси сар кунем ва худро такмил диҳем. Мо итминон дорем, ки рӯҳи устувори  «Лестер Сити»  ба мо дар идома додани ин роҳи ҷолиби рушд ва тавсеаи байналмилалӣ кумак хоҳад кард», — шарҳ дод ӯ.

МАЪЛУМОТНОМА:

Дастаи футболи «Лестер Сити» — дастаи футболи касбии англисӣ аз Лестер мебошад. Дар айни замон дар Лигаи олӣ дар дивизиони олии системаи лигаҳои футболи Англия бозӣ мекунад. Дастоварди баландтарини даста — чемпионӣ дар мавсими 2015/16 мебошад. Даста инчунин се маротиба Ҷоми лигаи футболро ба даст овардааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: