2 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Директори дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Криста Пиккат баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари минтақавии СММ ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо пешбурди номинатсияҳои нави долонҳои Роҳи Абрешим, масоили рушди устувори фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ тавассути маорифу таълим ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ перомуни ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, омодагиҳо ба чорабинии ҷашнии 5500-солагии шаҳраки қадимии Саразм ва дигар мавзӯъҳо мубодилаи афкор намуданд.
АМИТ «Ховар»