Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба ҷавондухтарону занони касбомӯзи курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» Шаҳодатнома тақдим карда шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки курси мазкур тӯли як моҳ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» давом карда, ба касбомӯзон аз ҷониби устодони ботаҷриба ҳунарҳои дӯзандагӣ ва попурдӯзӣ омӯзонида шуданд.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода занону ҷавондухтарони касбомӯзро табрик намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии курси омӯзишӣ — эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.
Мавсуф дар ин маврид чунин гуфт: «Мо хуб медонем, ки нигаҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои мардумӣ маҳз модарон, занон ва бонувони соҳибмаърифатамон мебошанд. Итминони комил дорам, ки онҳо минбаъд низ дар амалӣ намудани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат барои ободонии Ватан ва пешрафти он саҳм мегузоранд».
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бори сеюм аст, ки курси омӯзишии «Бонуи ҳунар»-ро бо ҷалби ҷавондухтарону занон аз оилаҳои осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе мегузаронад. Ин маротиба дар он 130 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар охири ҳамоиш занону ҷавондухтарони касбомӯз маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин намуданд.
АМИТ «Ховар»