Дар доираи Муоҳадаи байнидавлатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 ва расонидани ёриҳои тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ идома дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Барои дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ гурӯҳи меъморону бинокорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷалб шудаанд.
Ҳоло барои фароҳам овардани шароит ба сохтмончиён бо талоши наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҳисоби воситаҳои моддии вилоят як шаҳраки иборат аз 55 хайма сохта шуд.
АМИТ «Ховар»