Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад

Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд.  Дар ин бора  сармураббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва  Россия муайян гардидааст. То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» cоли даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Мақсад  аз баргузории он муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон  мебошад.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  4 рӯз идома меёбад. Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: