Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи заргарии «Зари Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи заргарии «Зари Суғд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд. Пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ “Зари Суғд” пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои насли нави корӣ таъмин карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сехҳои истеҳсолии коргоҳ дидан намуда, бо коргарони он суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал корхона дар ҳаҷми то 50 миллион сомонӣ дар як сол маҳсулот истеҳсол менамояд ва ин нишондиҳанда тибқи нақша солҳои баъдӣ ба 100 миллион сомонӣ расонида мешавад. “Зари Суғд” истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намуда, инчунин аз  сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар корхона  насб гаридааст, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Русия буда, чунин шароит имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд омода гардад.

Дар ҳудуди корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ,  сехи механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гардида, дар маҷмӯъ 30 нафар сокинон соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд. Дар корхона асосан хатмкардаҳои Донишкадаи  кӯҳию  металлургии Тоҷикистон,  ки дар шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, ба кор ҷалб шудаанд.

Корхонаи заргарии “Зари Суғд” пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ  фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Инчунин коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаи “Зари Суғд”-ро дар навбати аввал ба кишварҳои ҳамсоя содирот намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мағозаи корхонаи мазкур дидан намуда, бо маҳсулоти ниҳоии он шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: