Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони шаҳри Сарбанд ва коргарони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот»

Дар шаҳри Сарбанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаи Азот ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд баргузор карданд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо маросими оғози таҷдиду азнавсозии иншооти ҳаётан муҳими соҳаи энергетика — Нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ва корхонаи калони истеҳсоли нуриҳои минералӣ — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳм ва аҳамияти Нерӯгоҳи барқии обии “Сарбанд” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» дар рушди иқтисодиёти кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки фаъолияти пурсамари неругоҳи «Сарбанд» дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва корхонаи саноатӣ дар таъмини талаботи соҳаи кишоварзии мамлакат бо нуриҳои азотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид гардид, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот»-и шаҳри Сарбанд аз соли 2011 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд ва бо шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз корҳои таъмиру таҷдиди он оғоз гардид ва баъди ба истифода додан корхона бо истифода аз ангишти худӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Бо дарназардошти талаботи корхонаҳои саноатии мамлакат ба сӯзишвории алтернативии ангишт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд кардани истихроҷи ангишт ва таъмини талаботи корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Tags: