Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Прокурори генералии мамлакат Сауд ибни Абдулло ал-Муъҷиб мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ мисли терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.
Ба мувофиқа расондани санадҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар ин самт низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдулло ал-Муъҷиб, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот доштанд. Зимни ин мулоқотҳо зикр шуда буд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва риояи қонунгузорӣ доранд ва метавонанд барои мусоидат дар таъмини суботу осоиштагӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳамкории судманди дуҷониба ҷорӣ кунанд.
АМИТ "Ховар"