17 ноябр дар Тошканд мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳоло ҳаҷми гардиши тиҷорат байни ду кишвар аз 196,8 млн доллари ИМА-и соли 2016 ба 500 млн доллари ИМА расидааст.
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Ӯзбекистон дар интихоботи Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷонибҳо инчунин барои мусоидат ба густариш ва рушди бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»