Имрӯз, 3 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашраф Гулов ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Седат Онал нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти сафир бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»