Сафири нави Франсия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

16 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия 7-12 ноябри 2019 баррасӣ шуда, аҳамияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон таъкид гардид.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Франсияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: