Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Президенти Эрон оид ба умури Афғонистон вохӯрӣ намуд

ТВТ. 24.06.2022.  23 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Президенти Эрон оид ба умури Афғонистон Ҳасан Козимии Қумиро ба ҳузур пазируфт. 

Дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар доираи сафари расмӣ дар робита ба вазъи ҷории Афғонистони ҳамсоя, зоҳир назар карда буданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ва кумакҳои башарӣ, ки ба таъмини амният ва пешгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар ин кишвари ҳамсоя равона шудаанд, зикр карданд.

Манбаъ: mfa.tj

Tags: