Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири давлатии Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

19 октябр дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири давлатии Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба корҳои хориҷӣ Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ  ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: