Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим бо сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса, эҳтироми самимӣ нисбат ба пешвову раҳнамои хеш ва бо тантанаи идона истиқбол гирифтанд.