6 август дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб садамаи нохуши нақлиётӣ рух додааст.
6 август, соати 19:30-дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», дорои ядак рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.
Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Ба зарардидагон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ёрии аввалини тиббӣ ва моддии саривақти расонида шуд.