ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ба феҳрист чун субъекти хоҷагидоре, ки дар бозори молии семент мавқеи асосӣ дорад, дохил карда, фаъолияти он таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор дода шудааст.
Ин нуктаро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар нишасти матбуотии имрӯза зикр намуд. Ба гуфтаи мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» 936,7 ҳазор тонна семент истеҳсол намуд, ки ҳиссаи молии он дар бозори мазкур 46,9 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз 15 субъекти хоҷагидори ба истеҳсоли семент машғулбуда, 12-тои он семент истеҳсол намуд. Дар ин давра аз ҷониби онҳо 1 999, 1 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2015, 589,1 ҳазор тонна зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар»