Президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бо «Эйр Форс» (Ироқ) натиҷагирӣ намуда, сипосгузории худро ба мухлисон баён кард ва изҳор дошт, ки ғалабаҳои бузурги футболи тоҷик ҳанӯз дар пешанд.Муроҷиати ӯ ба мухлисон дар сомонаи клуби «Истиқлол» дарҷ шудааст. Дар он омадааст:
«Дӯстони азиз, мухлисони гиромӣ! Аз Шумо барои он, ки дар давоми баргузории Ҷоми КФО-2017 моро гарму ҷӯшон дастгирӣ намудед, сидқан сипосгузорам. Барои ман дидани истиқболи гарми шумо аз клуб боиси ифтихор аст. Дастгирии шумо махсусан дар бозии финалӣ эҳсос мешуд. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки ба ин бозӣ омада, моро дастгирӣ карданд ва ҳам ба онҳое, ки дар хона пеши экранҳои ТВ моро мухлисӣ доштанд!
Баъди анҷоми бозӣ мо аз он, ки натавонистем орзуҳои шуморо бароварда созем, на камтар аз шумо маъюсу ошуфтаем. Натавонистем он бозиеро нишон диҳем, ки шумо интизорашро доштед ва бароятон шодии зиёд оварда, ҷоизаро соҳиб шавем. Ҳамаи мо медонем, ки бозиҳои финалӣ озмоишу имтиҳони вазнину мушкиле мешаванд, ки на ҳама вақт дар онҳо имконияти маҳорати худро нишон додан ҷо дорад. Дар аксари мавридҳо тақдири бозиро як иштибоҳ ва ё як гол ҳал мекунад. Ин варзиш мебошад ва дар он бурду бохт, офтодану бархостан ва гиряву ашки хурсандӣ бо ҳаманд. Вале мо набояд сарафканда бошем ва биёед ба хотир меорем. Дар се мавсим “Истиқлол” ду маротиба ба финал роҳ ёфт. Бохтҳо сабақ мешаванд, мо ваъда медиҳем, ки боз ҳам пурқувваттару қавитар гашта, ба оянда бо боварӣ менигарем.
Натиҷаҳои солҳои охир ба таври ҳисоботӣ нишон медиҳанд, ки футболи тоҷик ба самти дуруст рушд карда, дар роҳи боварнок қарор дорад ва дар ин муваффақият нақши Федератсияи футболи Тоҷикистон беназир аст. Давоми ташкилу баргузории бозии финалӣ дар Ҳисор корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд. Ин бозӣ дар таърихи Ҷоми КФО ҳамчун яке аз сермухлистарин ва зеботарин бозиҳои дидании финалӣ шомил гардид.
Алоқамандона ба ин мехоҳам ба роҳбарият ва ҳамаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда, инчунин ба роҳбарият ва кормандони ТВ “Варзиш” ва дигар ВАО барои тарғиб ва инъикоси саривақтии мавзуҳои марбут ба ин бозӣ сипосгузорӣ баён созам. Барои дастгирии ҳамаҷониба ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани бозӣ ба маъмурияти шаҳри Ҳисор низ изҳори ташаккур мекунам.
Натоиҷи мусбате, ки дар чанд соли охир футболи тоҷик ба онҳо муваффақ шуд, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд. Маҳз бо ташаббусу ибтикор ва ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат соҳаи варзиш, бахусус футбол дар кишварамон рушду пешрафт мекунад. Дастаҳоямон дар мусобиқаҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои намоёнро соҳиб мешаванд.
Боварӣ дорам, ки рушди бомароми варзиши рақами як дар кишвар дар наздиктарин маврид футболи тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ мебарорад!».
АМИТ "Ховар"