Моҳи август дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз меъёр зиёд мешавад

Моҳи август дар ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво аз рӯи меъёри муқаррарӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар аввал ва охири моҳ  бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи меъёри муқаррарӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин моҳ дар водиҳо 26+32 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ +24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 14+19 то 19+24 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона аз 32+37 то 35+40 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Бориш асосан дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ба амал омада, меъёри моҳонаи он аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Дар ин моҳ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар оғоз ва анҷоми моҳ пешгӯӣ шуда, ҳангоми бориш эҳтимоли шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои водигӣ чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баробар ба моҳи августи соли гузашта ва дар баъзе ноҳияҳо 1 дараҷа баланд пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд аз рӯи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+28 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳи август тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 13+18 то 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона аз 29+34 то 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори  моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,3 мм -ро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввал  ва охири моҳ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ шуда, шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар  вилояти Суғд нисбат ба моҳи августи соли гузашта дар водиҳо 1 дараҷа баланд, дар минтақаҳои кӯҳӣ баробар ба меъёри иқлимӣ мебошад.

Моҳи август дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа паст пешгӯӣ шудааст. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18+23 ва дар ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20+23 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, рӯзона аз 24+29 то 29+34 дараҷа гарм шуда, шабона аз 9+14 то 12+17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ин  минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боридани борон бо раъду барқ асосан  охири моҳ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол дар назар аст.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво дар моҳи август асосан дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд дар назар аст.

Давоми моҳ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона аз 2+7 то 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 12+17 то 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар шарқи ВМКБ нисбат ба моҳи августи соли гузашта 1 дараҷа  хунуктар мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: