Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар қароргоҳи Маркази коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Кобеи Япония мегузарад, тариқи онлайн сухан гуфт.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рустам Назарзода дар бораи натиҷаҳои бадастомада дар татбиқи афзалият ва вазифаҳои барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон, аз ҷумла нақши ҳамоҳангсози Платформаи миллӣ дар ин самт, инчунин дар бораи системаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар мамлакат қабул шудааст, дар мавриди Барномаи тасдиқшудаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2018-2030 ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо маълумот дод.
Ҳадафи асосии конфронс такмили ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо офатҳои фаромарзӣ, масъалаҳои татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.
Иштирокчиёни конфронс мавзӯъҳои муҳим, аз қабили инфрасохтори тобовар ба офатҳои табиӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар коҳиши хатари офатҳо, ҷинсият (гендер) ва фарогирӣ, омодагӣ ва огоҳӣ ва афзоиши сармоягузориҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.
Бояд гуфт, ки соли 2019 конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар пойтахти Туркия-шаҳри Анқара баргузор шуда, тибқи қарори он мебоист ҳамоиши навбатӣ имсол дар шаҳри Душанбе доир мешуд. Аммо ба сабаби пандемияи коронавирус қарор шуд, ки ин конфронс онлайн баргузор шавад.
АМИТ «Ховар»