Бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидани Ҷамолиддин Абдуллозода, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Рустам Хуршедзода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» озод гардида, ба мансаби директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» таъйин гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» таъйин карда шуд.
АМИТ «Ховар»