Робитаҳои «Тоҷикстандарт» бо «Ӯзстандарт» дар заминаи созишномаи ҳамкорӣ густариш меёбанд

Бозомўзӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ҷиҳати пешбурди фаъолият яке аз роҳҳои самарабахш маҳсуб ёфта, ин раванд дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») пайваста мавриди амал қарор дода мешавад.

Тавре аз «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони Агентӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ пайваста барномаҳои омўзишӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва байнидавлатӣ низ мутахассисони соҳа ҷиҳати табодули таҷриба ба хориҷи кишвар сафарбар мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки 17-18 августи соли 2018 сурат гирифт, нишони эҳтироми муносибатҳои ҳамҷаворӣ, дўстии бисёрасра ва қаробати халқҳои тоҷику ўзбек буда, ба таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба заминаҳои устувор фароҳам овард. Дар ин замина  як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Миёни 26 санади нави ҳамкорӣ ҳамчунин Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ўзбекистон («Ӯзстандарт») ба имзо расид, ки ба фаъолияти пурсамари минбаъдаи кишварҳо дар самти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия мусоидат менамояд.

Ҷиҳати густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Созишномаи мазкур Агентии «Тоҷикстандарт» дар мувофиқа бо «Ӯзстандарт» 6 нафар мутахассисисони соҳаи метрологияи авиатсионӣ ва радиоэлектромагнитӣ аз дастгоҳи марказӣ ва марказҳои минтақавии вилояти Хатлон, Суғд ва ВМКБ-ро бо мақсади такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Ўзбекистон сафарбар намуд.

Мавриди зикр аст, ки омўзиш, табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малака, рушди маҳорати касбии кормандон дар самти метрологияи авиатсионӣ ва радиоэлектромагнитӣ барои пешбурди минбаъдаи соҳаи метрология дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: