Ректори ДСРТ: «Ҳамаи донишҷӯёне, ки натавонистанд аз Тоҷикистон бираванд, бо манзил ва хӯрок таъминанд»

Ҳамаи донишҷӯёне, ки дар давраи таътили тобистона натавонистанд аз Тоҷикистон бираванд, бо ҳама чизҳои зарурӣ, аз ҷумла манзил ва хӯрок таъминанд.  Дар ин бора ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Асосан аз қаламрави Тоҷикистон шаҳрвандони Ӯзбекистон хориҷ шудаанд, аммо як қисми дигари онҳо инҷо мондаанд. Донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, ба шакли фосилавӣ имтиҳонҳоро супориданд. Аз ҷумлаи шаҳрвандони Туркманистон ва Федератсияи Россия касе аз Тоҷикистон хориҷ нашудааст.

Ҳоло дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 574 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Полша, Федератсияи Россия, ИМА, Украина, Ҷумҳурии Корея, Чин, Туркманистон ва Муғулистон таҳсил мекунанд.

Маҷмӯан, то 1 майи соли 2020 дар донишгоҳ 6693 нафар таҳсил мекарданд, аз ҷумла 2529 нафар дар бахши буҷавӣ, 4164 нафар дар бахши тиҷоратӣ ва 2154 дар шуъбаҳои ғоибона.

АМИТ «Ховар»

Tags: