РБДА ВКД ҶТ огоҳ мекунад: Воситаҳои нақлиёти худро барои истифода дар фасли зимистон омода намоед!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба диққати шаҳрвандон, алалхусус, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли равон пастшавии ҳарорати ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунад, ки «воситаҳои нақлиёти худро барои истифода дар фасли зимистон омода намоянд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат менамоянд, тавсия дода мешавад, к ибо худ таҷҳизоти иловагии зидди лағжиш, яъне занҷир, болиштаки зидди лағжиш ва аломати исти садамавӣ дошта бошанд».
Ба таъкиди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, хуб мешуд шаҳрвандону ронандагон бе зарурат дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.

 

Tags: