21 апрел ҳайати коршиносон аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баррасӣ ва таҳияи масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, обӣ-энергетикӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба Душанбе ташриф овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, натиҷаҳои кори коршиносон зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, ки 24 апрел дар шаҳри Хуҷанддар назар аст, пешниҳод мегарданд.
Сарвазирони ду кишвар инчунин ҷараёни омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нимаи аввали моҳи июни соли равон баргузор мешавад, баррасӣ мекунанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои фарогирандаи мундариҷаи барномаи чорабинии дарпешистода дар сатҳи олӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»