1 декабри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Қабл аз оғози ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев роҳбарони ҳайатҳоро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳо мизи мудаввар баргузор шуд. Баъдан кори ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва нозирон оғоз гардида, баррасии масъалаҳои рўзномаи ҷаласа дар нишасти доираи васеъ идома ёфт.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти худ дар СҲШ афзалияти бештар дода, ба рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамҷаворӣ бо давлатҳои аъзои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аъзои фаъоли СҲШ ба рушди муносибатҳои байниҳукуматии кишварҳои аъзо ва нозир дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз татбиқи якҷояи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану неруи барқ ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд.
Ҳайатҳо нақшаю ҳадафҳои муштарак, ки дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои аъзову нозирро фаро мегиранд, натиҷагирӣ намуданд.
Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай зимни нишасти навбатии худ ҳамчунин масоили марбут ба ҳамдастии муштарак дар мубориза ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагию ҳавасмандии кишварҳои худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуданд.
Кори ҷаласаи навбатӣ дар доираи ҳайати васеи кишварҳои аъзо, нозир, мушоҳид ва меҳмон натиҷагирӣ карда шуда, раёсат дар Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи корӣ Эъломияи муштараки роҳбарони ҳайатҳо ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки ин барои боз ҳам беҳтар гардидани муносиботи кишварҳои аъзову нозир заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Дар доираи ҷаласаи 16-уми Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Шўрои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян, Котиби комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқиёнуси Ором хонум Шамшод Ахтар ва Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло мулоқотҳо намуд.
Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ, аз қабили тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, саёҳӣ, ҳамлу нақл ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АМИТ "Ховар"