27 октябри соли 2017 дар толори бошукӯҳи «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ роҳбарони ташкилоту созмонҳои шарики рушд, институтҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохтор, Комиссияи Аврупо, Бонки Авруосиёии рушд, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Ҷайка), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Амрико, Япония, Британияи Кабир иштирок карданд.
Зимни суханронии муқаддимавии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба сарзамини меҳмоннавозу биҳиштосои Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Сарвари давлат ба коршиносон фаъолияти пурсамар орзу намуда, ба роҳбарони ҳамаи давлатҳо, ташкилоту созмонҳо ва шахсоне, ки барои татбиқи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ саҳм мегузоранд, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказиро бо дарназардошти афзалиятҳои минтақа барои ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он муҳим арзёбӣ карданд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад. Бинобар ин дар доираи Барнома тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодӣ дар замони муосирро муҳим арзёбӣ карданд.
Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хотири рушду густариши ҳамкории пурсамар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд пешниҳоди асоснок ба миён гузоштанд, ки на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои минтақа ва кишварҳои иштирокчии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ муҳиму саривақтӣ мебошанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии ҳамешагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳо ва шарикони рушди ширкаткунандаи Барнома таъкид карданд. Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки ҳамгироиву ҳамкории васеъ ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар ин замина ба пешрафти минбаъдаи кишварҳо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо кардани ин ҳамоиш ва ҳамгироию ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.
Такехико Накао таъкид дошт, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи хуби шарикии стратегӣ қарор дорад ва бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва дигар самтҳои ояндадорро дар бар мегирад.
Ҳамчунин зимни суханронӣ Президенти Бонки Осиёии Рушд бо итминон иброз дошт, ки таҳкими робитаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонк дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, Ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ боз як майдони фарохи таҳкими ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои кишварҳои иштирокчӣ ва расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳои минтақа мебошад.
Дар охири кори ҷаласа маросими хотиравии аксбардории роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.