10-11 июл бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол доир шуданд

10-11 июл бозиҳои  даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 10 июл «Равшан» дар сафар бар дастаи «Хатлон», «Хуҷанд» дар майдони худ бар дастаи «Истаравшан» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи «Равшан»-ро Анвар Муродов ва голи «Хуҷанд»-ро Абдулмуъмин Забиров ба нишон расониданд.

Се бозии дигари давр 11 июл доир гардиданд. «Эсхата» дар майдони худ дастаи «Файзканд»- ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов зад. Пас аз ин ғалаба «Эсхата» ба ҷои дуюми ҷадвал баромад.

Дар бозии дигар «Душанбе» бар дастаи «Кӯктош» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари «Кӯктош» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд.
Бозӣ миёни КМВА – «Истиқлол» бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.
14 июл бозии мавқуфмондаи даври 4-ум миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хатлон» сурат мегирад ва сипас то 7 август дастаҳои Лигаи олӣ ба танаффус мераванд.

Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7-8 август баргузор мешаванд. Дар ин давр КМВА бо «Хатлон», «Истаравшан» бо «Эсхата», «Истиқлол» бо «Файзканд», «Кӯктош» бо «Хуҷанд» ва «Равшан» бо «Душанбе» бозӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: