Дирӯз дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 20-21 июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Вайсаҳмад Бармак мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин Раиси сеюми сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Султонаҳмад Баҳин, мусташор ва масъули бахши консулӣ Аҳмад Амирзода, котиби сеюми бахши амниятӣ Маҳаммадназир Қосимӣ, муовини атташеи низомӣ Барёлай Тутохел, ёрдамчии Вазири умури дохилаи ҳамин кишвар Муҳаммадқасим Кӯҳистонӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Зумрад Абдуллозода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Раҳматулло Нуъмонзода, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Карим Солиев, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Ҷамшед Машрабзода ва сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Шоҳрух Саидзода ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «мо аз дидори мардуми бо мо дӯсту бародар, ҳамфарҳанг ва аз ҳама пеш, ҳамсояи наздик хеле хушнуд буда, умедворем робитаҳои байни вазоратҳои мо бо саъю кӯшишҳои муштарак дар ҳамаи самтҳои мухталифи ҳамкорӣ мазмуну мундариҷаи мушаххас касб карда, рӯ ба густариш меоранд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо манбаи пуриқтидори шартномавӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд».
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо мавзӯи амният ва суботи минтақавӣ, аз ҷумла, муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки муваффақияти мубориза ба муқобили ин гуна зуҳуроти номатлуб дар ҳамкории муштарак ва дастаҷамъона имконпазир мебошад.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо бо итминони комил изҳор доштанд, ки ҳамкории мутақобилан судманд дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир пурра вусъат ёфта, дар заминаи манофеи муштарак мубодилаи мактабҳо, иттилоот ва таҷриба тақвият бахшида мешавад.
АМИТ "Ховар"