Раҳимова Мадина Алишеровна

Раҳимова Мадина Алишеровна 12-уми январи соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Соли 2015 баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 факултети молия ва иқтисодро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Ҳамзамон дар самти муҳосибот ва муҳосиб бо донистани компютер такмили ихтисос намудааст.

Аз 2 сентябри соли 2019 дар идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолияти кориашро оғоз намудааст.

Айни замон дар идораи барномаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва ислоҳоти замин фаъолият мекунад.