Назаров Ҳикматулло Маҳмадалиевич

Назаров Ҳикматулло Маҳмадалиевич 30 – ноябри соли 1988 дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми мактаби миёнаи умумӣ соли 2007 ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 бо ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ хатм намудааст.

Аз соли 2012 то 2014 дар нашрияи «Набзи Тоҷикиматлубот» ба ҳайси мухбири махсус фаъолият намуда, аз соли 2014 то соли 2015 дар ҳамин нашрия вазифаи мудири шуъбаро ба уҳда дошт.

Аз соли 2016 то охири соли 2019 дар вазифаи муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Аз охири соли 2019 то аввали соли 2020 дар вазифаи  муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» низ кор кардааст.

Аз соли 2020 дар вазифаи муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва ислоҳоти замин фаъолият дорад.

Донишҷўи курси дуюми факултети Агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад.